Мусаффои синаро чун меҳри анвар ме тавон кардан

Ба ҳиммати мушти хоки хешро зар ме тавон кардан

Ҷафоҳои туро тғрои дафтар ме тавон кардан

зи бедоди ту бо дили шиква ӣӣ сар ме тавон кардан

Шикояти гӯна ӣӣ зон дасту ханҷар ме тавон кардан

Муҳаббат бо ту ҳоҷатманд карда синаи ришон ро

Наме пурсӣ ту аз номеҳрбонии дарди кишон ро

Ба гӯшт зулф мегуяд саросари ҳоли эшон ро

Фароҳам кун яке авроқи дилҳои парешон ро

Агар талъат нахоҳад бози абтар ме тавон кардан

Балои ҷон буд ушшоқро рухсораи рангин

з маҷнӯн рафт ақлу вази Зулайхо давр шуд тамкин

Ба хусрав кӯҳкан мегуфт эй шоҳи карами ойин

Магӯ талхаст хӯни аҳли дил шояд буд ширин

Дами теғӣ ба расми имтиҳонтар ме тавон кардан

Шабӣ аз сӯзи дил оташ задам чун гул ба пероҳан

Ба сайри боғи беруни омадам аз гӯшаи гулхан

Ба мурғони гулистони сохтам он нуктаро равшан

Ба шаръи дӯстӣ гулбарг натавон чид дар доман

Вале чандон ки хоҳии хок бар сар ме тавон кардан

Маи ман чанд бошанд аз ғамати ёрон ба тобу таб

Шуда дар интизорати мардумонро чашм чун кавкаб

Шинави ин нуктаро аз сидо эй шӯхи шукри лаб

Агар як қатраи хӯн аз дида толиб чакад имшаб

Ба хӯни сад шаҳиди ғами баробар ме тавон кардан