Баъд аз он аз онҷо бирафтем ва ба дияӣ раседем ки онро ҳайфа мегуфтанд ва то расӣдани бад-ӣни дия дар роҳи реги фаровон буд , аз он ки заргарон дар аҷам ба кор доранду рег ?маккей гӯйанд , ва ин дияи ҳайфа бар лаб дарёсту онҷои нахлистону ашҷор бисёр доранд . Онҷои киштӣ созон буданд ва он киштиҳои дарёиро онҷо ҷўдӣ мегуфтанд . Аз онҷо ба дияӣ дигар рафтем , ба як фарсангӣ , ки онро каниса мегуфтанд , аз онҷои роҳ аз дарё бигардед , ва ба кӯҳ дар шуд сӯии машриқ ва саҳроҳоу сангистонҳо буд ки водӣ тмосиҳ мегуфтанд . Чун фарсангӣ ду бирафтем дигари бори роҳ ба канор дарё афтоду онҷои устихони ҳайвоноти баҳрӣ бисёр дидем ки дар миёни хоку гули маъҷун шуда буду ҳамчуи санг шуда аз баси мавҷ ки бар он кӯфта буд .