Рӯзи якшанбе , ғарраи рамазон , ба рамла раседем , ва аз қисориаҳ то рамлаи ҳашт фарсанг буд , ва он шаҳристонӣ бузургаст ва борӯй ҳсин аз санг ва гач дорад , баланду қавӣ ва дарвозҳои оҳанӣн барниҳода , ва аз шаҳр то лаби дарёи се фарсангаст ,у оби эшон аз борон бошаду андар ҳар сарои ҳавз ҳои бошад ки об борон бигиранд ва ҳамеша аз об захира бошад . Дар миёни масҷиди одина ҳавзҳои бузургаст , ки чун пар об бошад ҳар ки хоҳад баргирад , ва низ даври масҷиди онҷоро сесад гоми андари дивист гом масоҳатаст , бар пеши сафа навишта буданд ки понздаҳуми муҳаррами санаи хумс ва ъушрину арбъмоиаҳ ( 425 ) ӣнҷои зилзилае буд қавӣ ва бисёр амморот хароб кард , аммо касро аз мардум халалӣ нарасед .

Дарин шаҳри рухом бисёрасту бештари сароҳоу хонҳои мардум мрхмаст , ба такаллуфу нақш таркиб кардау рухомро ба арра мебаранд ки дандон надораду реги ?маккей дар онҷо мекунанду арра май кашанд бар тӯли амӯдҳо на бар арзи чунонкии чӯб аз санги алвоҳ май созанду анвоъу алвони рухомҳо он ҷо дидам аз муламмаъу сабзу сурху сиёҳу сифеду ҳамаи лавнӣ ,у онҷо навъе анҷӣраст ки ба аз он ҳеҷ ҷо набошад ва аз онҷо ба ҳамаи атроф билод мебаранд , ва ин шаҳри рамларо ба вилояти шому мағриб Фаластин мегӯйанд .

Сиўми рамазон аз рамла бирафтем , ба дияӣ раседем ки хотун мегуфтанд , ва аз онҷо ба дияӣ дигар рафтем ки онро қария алънб мегуфтанд , дар роҳи сдоби фаровони дидем ки худрӯй бар кӯҳу саҳрои руста буд . Дар ин дияи чашмаи оби некӯи хуши дидем ки аз санг берун меомад ва он ҷои охирҳо сохта буданд ва иморат карда , ва аз онҷо бирафтем рӯй бар боло карда тасаввур буд ки бар кӯҳӣ мерӯем ки чун бар дигари ҷониб фурӯ рӯем шаҳр бошад , чун миқдорӣ боло рафтем саҳройии азим дар пеш омад , баъзе санглох ва баъзе хокнок , бар сари кӯҳи шаҳри байти алмуқаддас ниҳодааст , ва аз Таробулус ки соҳиласт то байти алмуқаддаси панҷоҳ ва шаш фарсанг , ва аз Балх то байти алмуқаддаси ҳаштсад ва ҳафтод ва шаш фарсангаст .