Ва бисту сиўми шаъбон ба азми Найшобӯри беруни омадам ва аз Марв ба сарахс шудам ки сӣ фарсанг бошад ва аз онҷо ба Найшобӯри чиҳил фарсангаст . Рӯзи шанбеи ёздаҳуми шавол дар Найшобӯр шудам .
Чаҳоршанбеи охири ин моҳи кусуф буду ҳокими замони туғрули бики Муҳамад буд , бародари ҷғрии бик .
Ва баннои мадрисае фармӯда буд ба наздики бозори Сироҷон , ва онро иморат мекарданд , ва ӯ худ ба вилоятгирӣ ба Исфаҳони рафта буд бори аввалу дуюми зии алқъдаҳ аз Найшобӯр берун рафтам дар суҳбати хоҷаи муваффақ , ки хоҷаи султон буд .