Ва аз Миср то Искандарияи сӣ фарсанг гиранд . Ва Искандария бар лаби дарёии рӯму канор ниласт , ва аз он ҷои мива бисёр ба Миср оваранд ба киштӣу ани ҷо минорааст ки ман дидам ободон буд ба Искандария .

Ва он ҷо яъне бар он минораи ойӣнае ҳроқаҳ сохта буданд ки ҳар киштии рӯмён ки аз Истонбул меомадӣ чун ба муқобила он раседӣ оташӣ аз он оина афтодӣ ва бсухтӣ . Ва рӯмён бисёр ҷад ва ҷаҳд карданду ҳила ҳо намуданд ва кас фиристоданд ва он ойӣна бишикастанд , ба рӯзгори ҳокими султони Мисри мардии наздик ӯ омада буд қабул карда ки он ойӣнаро некӯ боз кунад чунон ки ба аввал буд . Ҳоким гуфта буд ҳоҷат нест ки ин соъати худ рӯмён ҳар соли зар ва мол мефиристанд ва розӣанд ки лашкари мо наздик эшон бараваду сар ба сар писандааст .

Ва Искандарияро оби хӯрданӣ аз борон бошад . Ва дарҳамаи саҳрои Искандария аз он амӯдҳои сангин ки сифати он мақдам кардаем афтода бошад .