Ва дар санаи тсъ ва сулсину арбъмоиаҳи султонро писарӣ омад фармуд ки мардум хуррамӣ кунанд шаҳр ва бозор биёростанд чунон ки агар васф он карда шавад ҳамоно ки баъзи мардуми онро бовар накунанд ва устувор надоранд ки дуконҳои бзозону саррофон ва ғайриҳам чунон буд ки аз зару ҷавоҳиру нақду ҷинсу ҷомҳои зарбафту қсб ҷое набӯд ки касе биншинаду ҳама аз султон эминанд ки ҳеҷ кас аз ъўонон ва ғаммозон наметарсид ва бар султон эътимод доштанд ки бар касе зулм накунад ва ба мол касе ҳаргиз тамаъ накунад , ва он ҷои мол ҳо дидам аз он мардум ки агар гӯям ё сифат кунам мардуми аҷамро қабул науфтаду моли эшонро ҳад ва ҳаср натавонистам кард ва он осоиш ки он ҷо дидам ҳеҷ ҷо надидам , ва он ҷои шахсе тарсо дидам ки аз мутамаввилони Миср буд чунон ки гуфтанд киштиҳоу молу малик ӯро қиёс натавон кард .

Ғарази он ки як соли оби нил вафо накарду ғалла гарон шуд . Вазири султони ин тарсоро бихонад ва гуфт сол некӯ нест ва бар дили султони ҷиҳати раоё бораст . Ту чанд ғаллаи туоне бидиҳии хоҳ ба баҳои хоҳ ба қарз . Тарсо гуфт ба саодати султону вазири ман чандон ғалла муҳайё дорам ки шаш соли нон Миср бидиҳам . ди райни вақти ломҳолаҳи чандон халқ дар Миср буд ки ончӣ дар Найшобӯр буданд хумси эшон ба ҷаҳд буд ва ҳар ки мақодӣр донад маълум ӯ бошад ки касеро чанд мол бояд то ғалла ӯ ин миқдор бошад ва чаҳ эмини раиятӣу одили султонӣ буд ки дар айёми эшон чунин ҳол ҳо бошаду чандини молҳо ки на султон бар касе зулм ва ҷавр кунад ва на раияти чизеи пинҳон ва пӯшида дорад . Ва он ҷо корвонсарое дидам ки доролўзир мегуфтанд . Дар он ҷо қсб фурушанду дигари ҳеҷ ва дар ашкўби зер хайётон нишинанд ва дар болои рФоон . Аз қайии он пурсидам ки аҷрати ин тим чандаст ? гуфт ҳар соли бист ҳазор динори мағрибӣ буд , аммо ин соъати гӯшае аз он хароб шуда иморат мекунанд ҳар моҳи як ҳазор динор ҳосил кунад яъне дувоздаҳ ҳазор динор ва гуфтанд ки дар ин шаҳри бузургтар аз ин ва ба миқдори ин дивист хон бошад .