Сифати замини арабу Яман : чун аз Макка ба ҷониби ҷануби раванд ба як назул ба вилоят Яман расанду толби дарёи ҳамаи вилоят Яманасту замини Яману ҳиҷоз ба ҳам пайвастааст .

Ҳар ду вилоят тозӣ забонанд ва дар истилоҳи замини Яманро ҳмир гӯйанду замини ҳиҷозро араб , всаҳи ҷониби ин ҳар ду замин дарёст , ва ин замин чун ҷазира Эйаст аввали ҷониби шарқии он дарёӣ Басраасту ғарбии дарёии қулзум ки зикри он дар муқаддама рафт ки халиҷӣасту ҷониби ҷанӯбии дарёӣ муҳӣтаст ,у тӯли ин ҷазира ки Яман ва ҳиҷозаст аз Кӯфа бошад то адани миқдори панҷсад фарсанг аз шимол ба ҷанубу арзи он ки аз машриқ ба мағрибаст аз Аммонаст то ба ҷори миқдори чаҳор сад фарсанг бошаду замини араб аз Кӯфа то Маккаасту замини ҳмир аз Макка то адан , ва дар замини араби ободонӣ андакаст ва мардумонаш биёбоне ва саҳро нишинанду худованди сутури чаҳорпоу хайма . Ва замини ҳмири се қисмаст як қисмро аз он тҳомаҳ гӯйанд ва ин соҳили дарёӣ қулзумаст бар ҷониби мағриб ва шаҳрҳоу ободонӣ бисёраст чун саъдау зебаду Санъоу ғайра . Ва ин шаҳрҳо бар саҳросту подшоҳи он бандаи ҳабашӣ буд аз он писари шоддл ,у дигари қисм аз ҳмир кӯҳӣаст ки онро наҷад гӯйанду андар ӯ диўлохҳоу сардсер ҳо бошад ва ҷоҳои танг ва ҳисорҳои муҳкам . Всиўми қисм аз сӯй машриқасту андари он шаҳрҳои бисёраст чун Наҷрону ъсру бешау ғайри ону андари ин қисми навоҳӣ бисёраст ва ҳар ноҳитии мулкӣ ва раисӣ дорад ва он ҷои султонӣу ҳокимӣ мутлақ нест . Қавмӣ мардум бошанд ба худ сар ва бештар дузду хӯнӣу ҳаромӣ , ва ин қисми миқдори дивист фарсанг дар сад ва панҷоҳ барояду халқӣ бисёр бошаду ҳамаи навъ ,у қасри ғмдон ба Яманаст ба шаҳрӣ ки онро Санъо гӯйанд ва аз он қаср акнӯн бар мисоли телӣ мондааст дар миёни шаҳр ва он ҷо гӯйанд ки худованди ин қасри подшоҳи ҳама ҷаҳон бӯдааст . Ва гӯйанд ки дар он тели ганҷҳоу дафинаҳо бисёраст ва ҳеҷ каси даст бар он наёрад бурдан на султон ва на раият . Ва ақиқи бад-ӣни шаҳр Санъо кунанд ва он сангӣаст ки аз кӯҳи бибаранд ва дар миёни рег бар тоба ба оташ бирён кунанд ва дар миёни рег ба офтобаш парваранд ва ба чархи бпироинд , ва ман ба Миср дидам ки шамшерӣ ба сӯй султон оварда буданд аз Яман ки дастау брчк ӯ аз як пораи ақиқи сурх буд монанди ёқӯт .