Ва аз Балх то ба раии сесад ва панҷоҳ фарсанг ҳисоб кардам . Ва гӯйанд аз рай то соваи сӣ фарсангаст , ва аз сова ба Ҳамадони сӣ фарсанг , ва аз рай ба сипоҳони панҷоҳ фарсанг ва ба омули сӣ фарсанг .

Ва миёни райу омули кӯҳ дамовандаст монанди гунбадӣ ва онро лавосон гӯйанд , ва гӯйанд бар сари он чоҳист ки нўшодр аз он ҳосил мешавад ва гӯйанд ки кибрят низ ,у мардуми пӯсти гови бибаранду пар нўшодр кунанд ва аз сари кӯҳи бғлтоннд ки ба роҳ натавон фурӯд овардан .