Сифат гушӯдан дар каъбаи шрФҳооллаҳи таъолӣ . Калиди хонаи каъбаи гуруҳе аз араб доранд ки эшонро банӣ шеба гӯйанду хизмати хонаро эшон кунанд ва аз султони Мисри эшонро мшоҳраҳу халъат будӣ . Ва эшонро раисӣаст ки калид ба даст ӯ бошад ва чун ӯ бияёд панҷ шаш каси дигар бо ӯ бошанд чун бидон ҷо расанд аз ҳоҷёни мардӣ даҳ бираванд ва он нардбон ки сифат карда ем баргиранду биоранд ва дар пеш ниҳанд ва он пер бар он ҷо равад ва бар остона боистад ва ду тани дигар бар он ҷои раванду ҷомау дебоӣ дарро боз кунанд як сар аз он яке аз ин ду мард бигираду сиррии мардии дигар ҳамчун лбодаҳ эй ки он пер бапушанд ки дар кушояд ва ӯ қуфл бигушоед ва аз он ҳалқаҳо берун кунаду халқӣ аз ҳоҷёни пеш дар хона истода бошанд ва чун дар боз кунанд эшон даст ба дуо бароранд ва дуо кунанду ҳарки дар Макка бошад чун овоз ҳоҷён башнавад донад ки дар ҳарам гушӯданд ҳамаи халқ ба як бор ба овозии баланд дуо кунанд чунон ки ғулғулае азим дар Макка уфтад пас он пер дар андарун шавад ва он ду шахс ҳамчунон он ҷома медоранд ва ду ракаат намоз кунад ва бияёд ва ҳар ду мисроъ дар боз кунад ва бар остона боистад ва хутба бархонад ба овозии баланду бррсўли аллоҳи алайҳи алслўаҳу ассалом салавот фиристад ва бар аҳли байт ӯ он вақти он перу ёрон ӯ бар ду тараф дар хона боистанду ҳоҷ дар рафтан гиранд ва ба хона дар май раванд ва ҳар як ду ракаат намоз мекунанд ва берун меоянд то он вақт ки нимрўз наздик ояд , ва дар хона ки намоз кунанд рӯбаҳ дар кунанд ва ба дигари ҷавониб низ равост , вақте ки хонаи пари мардум шуда буд ки дигар ҷой набӯд ки дар раванди мардумро шимурдами ҳафтсад ва бист мард буданд . Мардуми Яман ки ба ҳаҷ оянд оммаи он чун ҳиндӯон ҳар як лангӣ барбастау мӯиҳо фурӯ гузоштау ришҳо бофтау ҳаряки ктораҳи қтиФии чунон ки ҳиндӯон дар миён зада ва гӯйанд асли ҳиндӯон аз Яман бӯдаасту ктораҳ қаттола бӯдааст муъарраб кардаанд . Ва дар миёни шаъбону рамазону шаволи рӯзҳои душанбеу панҷшанбеу одина дар каъба бигушоӣанд ва чун моҳи зии алқъдаҳи даройади дигар дар каъба боз накунанд .