Пас аз он аз аъробии шутур кироя гирифтам то лҳсо ва гуфтанд аз Макка то он ҷо ба сездаҳ рӯз бираванд . Видоъи хонаи худоӣ таъолӣ кардам рӯзи одинаи нӯздаҳум зии алҳҷаҳи санаи аснӣу арбаъӣну арбъмоиаҳ ки аввали хурдодмоҳи қадим буд ҳафт фарсанг аз Макка бирафтам марғзорӣ буд аз он ҷои кӯҳӣ падед омад чун ба роҳи кӯҳи шудеми саҳройӣ буду дияҳо буду чоҳӣ буд ки онро бӣролҳсини бен салома мегуфтанду ҳавои сард буду роҳи сӯй машриқ мешуд . Ва душанбеи бисту дувуми зии алҳҷаҳ ба тоиФ раседем ки аз Макка то он ҷои дувоздаҳ фарсанг бошад .

ТоӣФ ноҳитӣаст бар сари кӯҳӣ . Ба моҳи хурдоди чунон сард буд ки дар офтоб мебоист нишаст ва ба Маккаи харбузаи фарох буду ончии қасаба тоиФаст шаҳракӣасту ҳисорӣ муҳкам дорад , бозоркии кучаку ҷомеъӣ мухтасар дораду оби равону дарахтони нору анҷӣр бисёр дошт . Қабри Абдуллоҳи аббоси разии аллоҳи анҳу он ҷост ба наздики он қасабау хулафои Бағдоди он ҷои масҷидии азим сохтаанд ва он қабрро дар гӯшаи он масҷид барадаст рости миҳробу минбар . Ва мардуми он ҷои хонаҳо сохтаанду мақоми гирифта .