Аз Макка то он ҷои сад ва ҳаштод фарсанг буд . Ин фалаҷ дар миён бодааст ноҳитӣ бузург бӯдаасту лекин ба таассуби хароб шудааст . Ончӣ дар он вақт ки мо он ҷо раседем ободон буд миқдори ним фарсанг дар як майли арз буд ва дар ин миқдори чаҳордаҳи ҳисор буду мардумаконеи дузду муфсиду ҷоҳил ва ин чаҳордаҳи ҳсн бадв карда буданд ки мудоми миёни эшон хусумату адоват буд ва эшон гуфтанд мо аз асҳоби алрсим ки дар қуръон зикр кардааст таъолӣу тақаддус , ва он ҷои чаҳор кориз буду оби он ҳама брнхлстон меафтоду заръи эшон бар замини баландтар буд ва бештар об аз чоҳ мекашиданд ки заръро об диҳанду заръ ба шутур мекарданд на ба гов чаҳ онҷо гов надидам . Ва эшонро андаки зироатӣ ва ҳар мардии худро рӯзӣ ба даҳ сайри ғалла аҷрӣ карда бошад ки он миқдор ба нон пазанд ва изоин намози шом то дигари намози шоми ҳамчуи рамазони чиз камӣ хуранд аммо ба рӯз хурмо хуранд ва он ҷои хурмои бас некӯ дидам ба аз он ки дар Басрау ғайра , ва ин мардуми азими дарвеш ва бадбахт бошанд бо ҳамаи дарвешии ҳамаи рӯзаи ҷангу адоват ва хӯн кунанд , ва он ҷои хурмое буд ки медун мегуфтанд ҳар яке даҳ дираму ҳаста ки дар майонаш буд донг ва ним беш набӯд ва гуфтанд агар бист сол бунаанд табоҳ нашавад , ва муомила набошад вҳичи чиз аз днёўӣ бо ман набӯд алои ду силаи китоб ва эшон мардумии гуруснау бараҳна ва ҷоҳил буданд ҳар ки ба намоз меомад албата бо сипару шамшер буд ва китоб намехариданд .