Масҷидӣ буд ки мо дар он ҷо будем андаки рангу шнҷрФу лоҷувард бо ман буд бар девори он масҷид байтӣ навиштаму барги шоху баррагӣ дар миёни он барадам эшон бидиданд аҷаб доштанду ҳамаи аҳли ҳисор ҷамъ шуданд ва ба тафарруҷ он омаданд ва маро гуфтанд ки агар миҳроби ин масҷидро нақш кунӣ сад ман хурмо ба ту диҳем ва сад ман хурмои наздики эшон мулкӣ буд , чаҳ то ман он ҷо будам аз араби лашкарӣ ба он ҷо омад ва аз эшон панҷсад ман хурмои хост қабул накарданд ва ҷанг карданд . Даҳ тан аз аҳли ҳисор кушта шуд ва ҳазор нахл буриданд ва эшон даҳ ман хурмо надоданд , чун бо ман шарт карданд ман он миҳроб нақш кардам ва он сад ман хурмои фарёди раси мо буд ки ғизо намеёфтем ва аз ҷони ноумед шуда будем ки тасаввур наметавонистем кард ки аз он бодияи ҳаргиз берун тавонем афтод чаҳ ба ҳар тараф ки ободонӣ дошт дивист фарсанг биёбон мебоист бурид махуфу мӯҳлик ва дар он чаҳор моҳи ҳаргизи панҷ ман гандум ба як ҷо надидам , то оқибати қофилае аз имомаҳ ки адим гирад ва ба лҳсои барад ки адим аз Яман ба ин фалаҷи оранд ва ба туҷҷор фурушанд . Арабӣ гуфт ман туро ба Басра барам ва бо ман ҳеҷ набӯд ки ба кро бидиҳам ва аз он ҷо то Басраи дивист фарсангу крои шутури як динор буд аз он ки шутурии некӯ ба ду се динор мефурухтанд маро чун нақд набӯд ва ба нася мебурданд гуфт сӣ динор дар Басраи бидиҳии туро барем . Ба зарурат қабул кардаму ҳаргизи Басра надида будам .