Лҳсо шаҳрӣаст бар саҳрои ниҳода ки аз ҳрҷонб ки бидон ҷо хоҳӣ рафт бодияи азим бибояд буриду наздиктар шаҳрӣ аз мусулмонӣ ки онро султонӣаст ба лҳсо Басрааст ва аз лҳсо то Басраи сад ва панҷоҳ фарсангасту ҳаргиз ба Басраи султонӣ набӯдааст ки қасд лҳсо кунад .
Сифати лҳсо . Шаҳрӣаст ки ҳамаи саводу рӯстоӣ ӯ ҳисорӣасту чҳорборўии қавӣ аз пас якдигар дар гирд ӯ кашидааст аз гули муҳкам ҳар ду девори қурби як фарсанг бошаду чашмаҳои об азимаст дар он шаҳр ки ҳаряки панҷ Асия гирд бошаду ҳамаи ин об дар вилоят бркор гиранд ки аз девор берун нашаваду шаҳрии ҷалил дар миёни ин ҳисор ниҳодааст бо ҳамаи олатӣ ки дар шаҳрҳои бузург бошад .