Ва дар он вақти амири Басраи писар бо колиҷори дайламӣ буд ки малики порс буд . Вазираши мардии порсӣ буд ва ӯро АбуМансур шҳмрдон мегуфтанд , ва ҳар рӯз дар Басра ба се ҷои бозор будӣ аввали рӯз дар як ҷо дод ва ситад кардандӣ ки онро сӯқ алхзоъаҳ гуфтандӣу миёнаи рӯз ба ҷое ки онро сӯқ Усмон гуфтандӣу охири рӯз ҷое ки онро сӯқ алқдоҳин гуфтандӣ ,у ҳоли бозори он ҷои чунон буд ки он касро чизе будӣ ба сарроф додӣ ва аз саррофи хати бстдӣ ва ҳарчӣ боистӣ бхридӣу баҳоии он бар сарроф ҳавола кардӣ ва чандон ки дар он шаҳр будӣ берун аз хати саррофи чизеи надодӣ .