Ва ба ибодон раседему мардум аз киштӣ берун шуданду ибодон бар канори дарё ниҳодааст чун ҷазирае ки шати он ҷои ду шох шудааст чунон ки аз ҳеҷ ҷониб ба ибодон натавон шуд ало ба об гузар кунанд . Ва ҷониби ҷанӯбии ибодони худ дарёӣ муҳӣтаст ки чун мад бошад то девори ибодон об бигирад ва чун ҷзр шавад камтар аз ду фарсанг давр шавад . Ва гуруҳе аз ибодон ҳасир хариданду гуруҳеи чизе хӯрданӣ хариданд .