Чун аз он ҷо бирафтем нишебии қавӣ буд , чун се фарсанг бирафтам дияӣ аз музофоти торам буд брзолхир мегуфтанд . Гармсер буду дарахтон бисёр аз анору анҷӣр буд ва бештар худрӯй буд .

Ва аз он ҷо бирафтам , равадӣ об буд ки онро шаҳрӯд мегуфтанд .

Бар канор равад , дияӣ буд ки хандон мегуфтанду боҷ май ситонданад аз ҷиҳати амири амирон ва ӯ аз мулӯки дилмстон буд ва чун он равад аз ин дия бугзарад ба равадӣ дигари пайвандад ки онро сипед равад гӯйанд ва чун ҳарду равад ба ҳам пайванданд ба даррае фурӯд равад ки сӯй машриқаст аз кӯҳи Гелон ва он об ба Гелон мегузарад ва ба дарёӣ обскўн равад ва гӯйанд ки ҳазор ва чаҳорсад рӯдхона дар дарёии обскўн май резад , ва гӯйанд ки якҳазор ва дивист фарсанг давра ӯст , ва дар миён вай ҷазоирасту мардум бисёр дорад ва ман инро аз мардум бисёр шунидам .