( сухан сипас аз қавли андари ҳаракат , андари нафас воҷиб омад гуфтан , аз баҳри онкии ҳаракати андари ҷисми табиӣу андари ҷисм нафсонӣ пайдост ва ба қавлӣ ки андари ҳаракати гуфтем , зоҳир кардем ки мари ҷисмро ба зоти хеш ҳаракат нест , пас воҷиб шуд ки зоҳир кунем ки нафас ҷавҳарӣаст ки ҳаракати мутлақи мар ӯ рост ва он ҷавҳар ба зоти хеш зиндаасту макони сӯратҳосту дониш пазираст ва пас аз фанои шахс ба инҳилол ӯ , ба зоти хеш қоимасту худованд илмаст ва ҷисм нест . Он гоҳ ҳар ки хоҳад мари ин ҷавҳарро нафас гуяд ва хоҳад номии дигари нҳдш . )

( пас гӯйем : гуруҳе аз зуъафои халқ ки ранҷи омухтан илм натавонистанд кашӣдану латоифро ба сӯрат хеш натавонистанд кардан , гуфтанд : нафас чизе нест ба зоти хеши қоим , бали эътидол табоиъаст ончии мари ҷасади ҳайвонро ҳаме зинда дорад ва ин феълҳо аз ӯ ҳаме ояд . Ва далел овараданд . Бар дурустии ин қавл бидонча гуфтанд : чу эътидол аз ҳоли хеши бишавад ба девонагӣ ё беморӣ ё ба мастӣ , он феъл аз ӯ ҳаме ноқис ояду мари чизҳои донистау шинохтаро ҳаме надонад ва нашносад . Пас гуфтанд ки ин ҳол далеласт бар онкии ончии ин феълҳоу илмҳо мар ӯро буд , эътидол буд то чу андар ӯ нуқсон омад , нуқсони андари феълу илм ӯ падед омад . Ва гуфтанд ки чу ба андаки мояи нақсоне ки андари эътидол ҳаме ояд , андари илму амали мардуми нуқсони ҳаме падед ояд , воҷиб ояд ки чу эътидол ба вайрон шудани ҷасад ба ҷумлагӣ бархезад , пас аз он аз ин донандау дониш ӯ ҳеҷ намонад ва нест шавад . Ва ин қавл гуруҳеаст ки мари нафасро пас аз фасоди ҷасад , бҳстӣ нагуфтанд . )

( ва мо гӯйем - бтўФиқи аллоҳи таъолӣ - ки эътидол он бошад ки аз табоиъи андари як ҷасади ҷузвҳои мткоФӣ ҷамъ шавад бе ҳеҷ тафовутӣ , ва агар ҷузвӣ аз ин чаҳор ҷузви андари ҷасадии бештар ё камтар аз ёрон хеш бошад , онҷо эътидол набошад . Ва аз ин ҳукм воҷиб ояд ки мизоҷҳои ҳамаи мардумон - бал ки ҷонварон - як мизоҷ бошаду ҳамаи ҷонварон аз мардуму ҷузи мардум бар як ниҳоди илму амал ва ҳаракат бошанд бе ҳеҷ тафовутӣ , аз баҳри онкии мари ҳамгинонро зиндаи доранда эътидоласт ки ӯ якеасту феълҳо ҳама аз он зиндаи доранда ҳаме ояд ва раво набошад ки бар мизоҷи як мардуми гармӣу хушкӣ ғолиб бошад ва бар мизоҷи дайгарии сардӣ ватарӣ ғолиб бошад . Ва ҳоли зоҳири андари мизоҷи мардумон - то ба дигар ҳайвон расад - ба хилоф инаст , аз баҳри онкӣ агар касе мари мизоҷҳои мардумонро ба ҳақ тааммул кунад , аз сад ҳазор мизоҷ , ду мизоҷро баробари якдигари наёбад ва агар ба ҳайвонот нигарад , тафовутии азим низ андар он биёбад , аз баҳри онкӣ ҳайвонаст ки андари миёни барф мутавотир шавад - . . . – ва ҳайвонаст кандар миёни оташи ҳаме қарор кунад - чу ғўки хокӣ ки мар ӯро ба хуросон « ?маккей » гӯйанд - ва ҳайвонаст ки бисёр шубони рӯзҳо об нахурд ва бо тишнагии бори гарон ҳаме кашад - чу уштур - ва ҳайвонаст ки агар аз оби як соъат берун монад бимирад - чу моҳӣ - . Ва чу ин тафовути азими андари мизоҷҳо зоҳираст , қавли он кас ки гуяд : зиндаи дорандаи мардум мизоҷаст ва эътидоласт , ботиласт . Бо онкӣ агар мизоҷҳо ҳама бо якдигари рост будӣу зиндаи дорандаи зиндагони эътидоли табоиъ будӣ -у эътидол арз бошад - , пас ба қавли он каси арзи брдорндаҳу ҷнбонндаҳи ҷавҳар будӣ . Агар чунин будӣ , ҷавҳари арз будӣу арзи ҷавҳар будӣ , бар акс ончӣ ҳаст . Пас зоҳир кардем ки нафаси эътидол табоиъ нест . )

(у мари он касро ки гуяд : нафас эътидоласт ,у ҳуҷҷати орад ки чу эътидол аз ҳоли бишавад , донистаҳои он кас аз девонагӣу беморӣ ба нодониста бадал шавад , гӯйем ки чаро нанигарӣ ки чу он кас аз девонагӣу беморӣу мастӣ ба дурустӣ ва ҳуш ояд , ҳамон донистаҳо ҳамеи бад ва боз ояд ? ва агар нафас ки он илмҳо мар ӯро ҳосил буд эътидол будӣ , чу эътидол бишуд ва баъзе аз он фосид шуд , он дигари ҷузвҳои табоиъи ҳама бе илми монданд , боз чу ба ҷои он баъзи фосид шуда , баъзе дигар омад ва ин баъзе ки акнӯн омад аз ончии он баъзи дониста буд ки фосид шуд чизе надонист , воҷиб омад аз он илмҳо ки он эътидоли пештар дониста буд , ин эътидоли дигар чизе надонистӣ . Ва чу бемор ки мизоҷ ӯ ба эътидол боз омад мари илмҳоу санъатҳои хеши бозёфт , пайдо омад ки мари нафасро эътидоли ходимӣ буду илму санъати андари нафас буд ки маъдани сӯратҳои латифаст аз маъқӯлу маснӯъ , ва чу ходим ӯ заъиф шуд аз кор боз монад ва чу бози қавии гашт ба кор боз омад . Аммо фурӯи мондани нафас аз маълӯмоти хеши андари ҳоли беморӣу мастӣу ҷузи он , бидонаст ки мар ӯро пӯшишии аўФтд аз ба ҷой овардани хоси феъли хеш ва чу пӯшиш аз ӯ бархезад , ба ҳол хеш бозояд . Бар мисоли чароғӣ ки мар ӯро ба чизе бапушанд , равшании натавонади расонӣдан ба чизҳое ки мумкин бошад ки равшанӣ бидон бирасад агар он пӯшиш набошад . Ва боз ёфтан нафаси мари маълӯмоти хешро сипас аз гум кардан ӯ мари онро ба иллатӣ аз иллатҳо , далеласт бдонкаҳи андари зот ӯ халалӣ науфтода буд , чаҳ агар халалӣ ба зот ӯ расида будӣ , маълӯмот ӯ табоҳ шудӣ . Ва чу аз беморӣ ки он баъзе аз маргаст , фасоди андари зоти нафас оянда нест , ин ҳол далеласт бар онкӣ ба фасоди ҷасади андари зоти нафас нақсоне наёяд , бал ки ба зоти хеш қоим бошад . Пас зоҳир кардем ки нафас эътидол нест . )

( ва низ гӯйем ки аз ҷасади ҳайвони пайвастаи табоиъ ба таҳлил берун шавад ,у гурусна шудани ҷонварон сипас аз сирии эшон бад-ӣни сабаб ҳаме бошад . Пас чизе каз ӯ ҳамеша ҷузвҳо кам ҳаме шавад чигуна муътадил бошад ? магар даҳрӣ гуяд : он ҳамаи эътидол ки мар ӯ рост , болсўиаҳи ҳамеи таҳлили аўФтд . Ва агар чунин бошад , пас воҷиб ояд ки ҳайвон гоҳе бо зиндагӣ бештар бошад ва гоҳе бо зиндагии камтар , ва ин маҳоласт , аз баҳри онкии ҳади зиндагии ҳаракат карданаст ба иродат , ва чу ҳоли ҷонварони андари гуруснагӣ ба хилоф ҳол ӯст андари сирӣ , агар табоиъ ӯ ба ҳоли сирӣ муътадил бошад , ба ҳоли гуруснагӣ на муътадил бошад , пас агар зиндагӣ ӯ ба эътидоласту эътидоли мар ӯро сирӣаст , воҷиб ояд ки ба ҳол ) гуруснагӣ мурда бошад ки на эътидоласт , пас чу ба ҳоли гуруснагӣ низ зиндааст , ( пайдо омад ки нафас ) на эътидол табоиъаст .

Ва чаҳ гуяд он касе ки гуяд : нафас эътидоласт , ки мари ин ҷузвҳои табоиъро ( ба ткоФии аҷзо ) чаҳ чиз фароз оварад то муътадил шуд , пас аз онкӣ аз кули хеши ҷудои набуданд ? агар гуяд : ин ҷузвҳои ( табоиъ ба зот ) хеши ҳаме ҷудо шаванд ва бо якдигар ҳаме биомезанд , боистӣ ки ҳамаи табоиъ ба ҷумлагӣ бо якдигари бёмихтндӣ , ( аз баҳри онкӣ ) ин ҷузвҳо ( аз ) он куллиётанду кули ҷисми ҷузи ҷузвҳои хеш чизе нест ва чу баъзе аз кули табоиъи омехта ҳаме шаванд ва дигарон ба ҳоли хеш аз якдигар ҷудоанд , пайдост ки мари ин ҷузвҳоро омизндаҳ эй қоҳираст . Ва мо ҳаме донем ки сӯрати мардум бар нутфаи ҳаме падед ояду нутфа мафъӯласту мари мафъӯлро аз фоилии ҷузи зоти хеш чора нест , аз баҳри онкӣ раво нест ки чизҳоеи фоили зот хеш бошад , чаҳ агар чизеи фоили зот хеш бошад , маҳол лозим ояд аз баҳри онкӣ воҷиб ояд ки ончии ҳаме мавҷӯд хоҳад шудан , пеш аз вуҷӯди хеш мавҷӯд бошад ва ин маҳол бошад ки ( чизеи ҳам ) мавҷӯд бошад ва ҳам маъдӯм бошад . Пас воҷиб омад ба тақдири муқаддари ҳаким ки мари он нутфаро қӯтӣ бошад нигоҳи дорандаи мари он ҷузвҳоро ки зоти нутфа онаст ва он қӯти мари он нутфаро сӯрат кунанда бошад чу ғизо дар хур ӯ бадв пайваста шавад андари маконе ки дар хур ӯ бошад ва нутфа бидон қӯт ки андар ӯст зинда бошад . Ва воҷиб ояд ки он қӯти сӯраткунанда ки андари он нутфааст ҷисм набошад , бали нигоҳбону суратгари он ҷисм бошад . Ва далел бар дурустии ин қавл онаст ки раво нест ки нутфа ба зоти хеши суратгари зот хеш бошад , аз баҳри онкии он ҷзўҳост аз як ҷавҳар ва ҳар ҷузвӣ аз он ба сӯратгарӣ кардани андари ёрони хеш сазовортар нест ( аз дигари ёрони хеш ба сӯратгарӣ накардан ва раво нест ) ки ҳамаи ҷузвҳои ӯ ҳам фоил бошад мари зоти хешро ва ҳам мафъӯли зўот хеш бошад ки ин маҳол бошад . Ва чу ҷумлагии он нутфа мафъӯласту сӯрат пазираст , воҷиб ояд ки андар ӯ чизе бошад ки он чизи фоил ва суратгар бошад мари нутфаро ,у бад-ӣн воҷиб ояд ки он чиз ҷисм набошад ки агар ҷисм бошад , он ҷузвӣ аз он мафъӯл бошад , чунонкии гуфтем .

Он гоҳ гӯйем ки он суратгар ки андар нутфааст ҷисм несту лекин ҷавҳараст , аз баҳри онкии ҷисм аз арзи сӯрати нпзирд , аз баҳри онкии арз ба зоти хеш ( на ) боистаду ончӣ ба зоти хеш қоим набошад мар ӯро феъл набошаду мари ин маънӣ (ро ) андар нутфааст феъласт . Пас дуруст шуд ки он маънӣ ки андар нутфааст арз нест ва чу арз нест , ночор ҷавҳараст . Ва агар мар ( касеро занни аўФтд ки андари нутфа ) мардум ё дигари ҳайвон ҷавҳарӣ нест ки он ҷавҳари мусаввири он нутфаасту мари ғизоро андари худ ( ӯ дар ӯ кушандааст )у зинда кунандааст , бингарад андари тухмҳои наботу донаҳои дарахтон ки ( гавҳар ) он зоҳиртараст то ( бинад ки андар ҳар тухмӣ )у донае қӯтӣаст ки он қӯти мари латоифи хоку обро ба хештан кушандааст вази сӯратҳои ( табоиъ ки мари онро ) бидон сӯрат ки мар ӯ бар изҳори он қудратаст ( орандааст . ) ва чу ҳаме бинад ки он маънӣ ки андар гандумаст ( ва гандум бидон маънӣ ) аз ҷӯу ҷуз он ҷудост , тавонистан ба хештан кашӣдан мари латоифи хоку обро ба миёнҷии оташу ҳаво (у мари онро ) аз сӯрати табоиъӣ ба сӯрати он ҷисм овардан ки ӯ бидон пайвастааст , донад ки он маънӣ ҷавҳарӣаст то ( ҳамеи андар ) табоиъ ки он ҷавҳараст , феъл тавонад кардан . Ва чу нутфаро ҳаме ёбад ки он тухм мардумаст , бибоядаш ( донистан ) ки андари ин тухм низ ҷавҳарӣаст ки суратгари ин ҷисмаст кӯ бидон пайвастааст .

Пас гӯйем ки номи он ҷавҳар ки андари нутфаҳои ҳайвонасту андари тухмҳоу бехҳои наботаст , нафасаст ва он ҷавҳарӣ ибдоъӣасту ончӣ ӯ ибдоъӣ бошад ӯ ҷузв чизе набошад қӯт ӯ мутаноҳӣ набошад . Набинӣ ки андари тухмҳоу нутфаҳо ба ҳади қӯти ашхос бениҳоятаст ва агар касе гуяд ки аз як донаи гандуми чандон гандум ҳосил ояд ки ҷўФи фалаки алаъзам аз он пар шаваду мар ҳар якеро аз он донаҳо ҳамон феъл ва қӯт бошад ки мари он донаи нахустинро буд ки ин донаҳо аз ӯ ҳосил шудааст , рост бошад ? ва агар нафаси эътидоли табоиъ будӣ -у эътидол на гарм бошад ва на сард ва на тар бошад ва на хушк ва на гарон бошад ва на сабк - пас андари он эътидол нест , аз баҳри онкии ҳол ӯ ба хилоф инасту ҳамаи табоиъи андар ( ӯ ) зоҳираст ҷудои ҷудо .

Ва агар табоиъи андари ҷонварони муттакои алоҷзоء будӣ , набоистӣ ки ҷонвар бар замин будӣ ва низ набоистӣ ки бар осмон шудӣ , бал ( ки ) боистӣ ки ( на ) бар хок қарор ёфтӣ ва на андари об ва на бар ҳаво ва на андари оташ , аз баҳри онкӣ ҳар яке аз ин табоиъи мари эътидолро мухолифаст ва чу қарори ҷонвар бар хокаст , далеласт бар онкии андар ӯ аҷзои хокӣ бештарасту зоҳири ҳоли худ ҳаминаст . Ва агар нафаси эътидол будӣу табоиъи андари ҷонвар ( мткоФии алоҷзоء будӣ , набоистӣ ки ҳайвонро бухортар аз ) тан бархестӣ , аз баҳри онкии бухор аз об ба қӯти оташ ( бархезад ва то мари оташро ) ғалаба набошад об аз ӯ нгризд . ( ва ) чу бухор аз ҳайвони берун шавандааст , ин ҳол далеласт ( бар онкии гармӣ ) андар ӯ бартарӣ ғолибаст . Пас чу ғалабаи гармӣ зоҳир шуд андар ӯ , муътадил чигуна бошад ? ва агар ( нафас ) эътидол будӣу табоиъи андари ҷонвари муътадил будӣ , набоистӣ ки ҳеҷ ҷонвар аз бсўдни гарм будӣ , (у ҷонварон ) қавии таркиби ҳама гарманд аз бсўдн . Агар ҷузвҳои табоиъи андари ҷонварон мткоФӣанд , чаро ( замини мар ) ӯро ба хештан кушандаасту оташи асиру ҳавои басити мар ӯро ба хештан ҳаме накушуд ? ва чу мардуму дигари ҳайвонот бар заминанд ва бар ҳавои ҳамеи ноистнд ва ба маркази оташи ҳаме бар натавонанд шудан , ин ҳол далеласт бар онкии ҷузвҳои ҳавоӣу оташии андар ӯ камтар аз ҷузвҳои хокӣ ва обӣаст . Ва чу ҳол инаст , ин чиз муътадил набошаду аҷзои табоиъи андар ӯ мткоФӣ набошад . Пас зоҳир шуд ки нафас эътидол нест . Ва агар ( нафас ) эътидол будӣ -у табоиъи андар ҳар ҷонвар муътадиласт ба қавли даҳрӣ - чу яке муътадил ки мардумаст сухани гӯйу дониш пазираст , боистӣ ки ҳар ҷонвари сухани гӯйу дониши пзиз будӣ , ва агар ин ҷонвар ки доноу сухан гӯйаст муътадиласт , пас он ҷонвар ки нодон ва бесуханаст муътадил набошад , аз баҳри онкии донишнопазир ва бесухан зидаст мари донишпазиру сухани гӯйро , ҳам чунонкии номуътадил зидаст мари муътадилро , ва чу номуътадил бо муътадил ҳар ду зиндаанд , далеласт ( ки ) нафас ки зиндагӣ зинда бадваст , ҷуз эътидоласт .

Ва низ зоҳираст ки табоиъи андари ҷасади ҷонвар парокандааст ( ва ) ба ҷое аз ӯ гармӣ бештараст - чунонкӣ диласт ки маъдан ҳароратаст - ва ба ҷое аз ӯ сардӣ бештараст - чунонкии сарҳои ангуштонаст ки нохун бар ӯ аз сардии сахт шудааст вази маъдани ҳарорат давраст - ва ба ҷое аз ӯтарӣ бештараст - чунонкӣ меъдааст ки ҳамеша андар ӯ обаст - ва ( ба ) ҷое аз ӯ хушкӣ бештараст - чунонкии соқҳо - . Пас чизе ки таркиб ӯ бо ин тафовут бошаду аҷзои табоиъи андар ӯ мутафовит бошад - чунин ки гуфтем - ӯ чигуна муътадил бошад ? ва чу андари ҷумлагии ҷасади ҳайвони табоиъ ояндааст ваз ӯ ба таҳлили берун шавандааст , мари ин ҷузвҳои табоиъро андари ин таркиби ронандаеу қисматкунандае бибояд ва он чизи ҷузи он табоиъ бояд , аз баҳри онкии ҳам чунонкии ҳамаи ҷасадро азтарӣ ҳамеи насиб бояд , аз гармӣ низ мари ҳамаи ҷасадро ҳамеи баҳра бояд ва ҳам чунон аз сардӣу хушкӣ ,у баҳрӣ аз табоиъи андари ҷасад аз баҳрӣ сазовортар нест ба қисмат кардан аз қисмат ( пазируфтан . Ва чу ҳам қосим ва ҳам мақсуми як ҷавҳар ) бошад , маҳол бошад , агар фиристандаи табоиъи сӯй ( ҳама ) ҷасад гармӣаст , фиристандаи гармии сӯии ҳама ( ҷасад чист ? агар ) гуяд : фиристандаи гармии табъӣ дигараст , он гоҳ ( ҳар ) яке аз он фоил мафъӯл бошад ва маҳол бошад ки мафъӯл ( мари фоил ) хешро фоил бошад . Пас мари табоиъро ки андари ҷасади бахшиши пазируфтау ронда шудааст , ( бахшишгарӣ ва ) гстрндаҳ эй лозимаст ки он аз табоиъ несту донишпазиру гӯяндау зиндакунанда он табоиъаст ( ва ӯ ) ҷавҳараст то андари ҷавҳари ҳаме тасарруф кунад . Ва имораткунанда ҷасади он ҷавҳараст на табоиъ , аз баҳри онкӣ ( табоиъ ) андари ҷасад мафъӯласт ва вақте бошад ки ин ҷавҳар аз ҷасад берун шавад ( ва аз ҷасад ) берун шудан ӯ бе ин маъниҳо ки дорад намонад ва пароканда шавад . Ва чаҳ гуяд он кас ки гуяд . Нафаси эътидол табоиъаст , ки ( чаро ) чу ҷузвҳои мткоФӣ аз табоиъи андари таркиби мардум ҷамъ шуд , сухани гӯйу донишпазиру мудаббир ва мФкр омад ва чу дар таркиби уштур ҷамъ шуд , мар ӯро на сухан ( омад ) ва на илм пазируфтан ва на тадбир ва на тақдир ва на фикрат ? ва чу уштур зинда бошад ва ташна бошад , ҳол ӯ ба хилоф серобӣ бошад ва ба ҳар ду ҳоли уштури зинда ва боркаш бошад , ва агар чаҳ ташна бошад аҷзои табоиъи андар ӯ мткоФӣ бошад , чу панҷоҳ ман об бихӯрад , он эътидоли мткоФии аҷзо чаро аз ҳоли хеш ҳаме нагардад ?у обу оташи здоннду зёдтӣ ки андар чизе ояд ки зид ӯ андари он чизи пеш аз он бо ӯ ҳам гӯша бошад , пас аз он бо ҳам гӯша шавад бо ӯу зид ӯ заъиф шавад , ва чу зиддиӣ заъиф шавад , зид ӯ қавӣ шавад ва он чиз аз эътидоли бишавад , пас чаро эътидоли андари уштури ташнаи пеш аз онкии панҷоҳ ман об бихӯрад ҳосил буд ва пас аз он бар ҳол хеш бимонад ? ин ба хилофи ҳол табоиъаст , бал ( ки ) воҷибаст ки чу чизе бошад ки андар ӯ аҷзои табоиъ мткоФӣ бошад , чу аз рукнӣ аз он ҷузвӣ кам шавад , мари аҷзои зиди он рукнро қӯт музоъаф шавад ва муътадил намонад .

Ва чу зоҳир кардем ки нафас эътидол нест , гӯйем ки зиндагии мари ҷасадҳои моро арзӣаст , аз баҳри онкии чизеи арзӣ он бошад андари чизе ки гоҳе андар ӯ бошад ва гоҳе набошад , ва чу ҷасадҳои мо гоҳе зиндааст ва гоҳе на зинда , ҳаме донем ки зиндагии ҷасади мо арзӣаст . Ва маънии арзии андари чизе аз чизе ояд ки он маънии андари он чиз ҷавҳарӣ бошад , пас воҷиб ояд ки андари ҷасадҳои мо ба вақти зиндагии мо чизе ҳаст ки мар ӯро зиндагӣ ҷавҳарӣаст то аз он зиндагии ҷавҳарӣ ки мари он чизи рост , зиндагии арзии андари ҷасади мо омадааст , бар мисоли оҳани сард ки чу бо оташ ки мар ӯро гармӣ ( ҷавҳарӣаст муҷовират кунад , гармии арзӣ аз оташи андар оҳан ояд . Пас мо мари он чизро ки зиндагии арзии андари аҷсоди мо аз ӯ омадааст ) нафаси гуфтем ва ба зарурат донистем ки зиндагии мар ӯро ҷавҳарӣаст . Ва чу чизе ёфтем ( ки он ба зоти хеш ) зиндаасту ҷавҳарии дигари зиндаи бадв ( ҳаме ) шавад , донистем ки ӯ ба зоти хеш ҷавҳараст ( на арзӣаст ) аз эъроз , ва чу мари ин зиндаро ки зиндагӣ ӯ арзӣаст миранда ёфтем , донистем ки ончӣ ( зиндагӣ ӯ ҷавҳарӣаст ) миранда нест . ( пас зоҳир шуд ки нафаси мо ба зоти хеш зиндааст ва миранда нест ) албата . Ва чу дуруст кардем пеш аз ин ки мари ҷисмро ҳаракат қисирӣаст ва ( мар ӯро ҳаракат нест ҷузи ҳаракати қисирӣ )у ҳаракати қисирии андари чиз беҳаракат аз мутаҳаррикӣ ба иродат падед ояду ҷасади мо мутаҳаррикаст , пайдо омад ки ҳаракати аҷсоди мо қисирӣаст аз нафас ки ҳаракат ӯ ародӣаст . Ва чу ҳар зиндае мутаҳаррикасту нафас зиндааст , лозим ояд ки ҳаракати мутлақи мари нафаси рост ки зиндагӣ ӯ ҷавҳарӣаст .

Ва чу мардуми сӯратҳои нутқӣу китобатӣу сонеъиро бар ҳиўлиҳои он падед орандаасту мари сӯратҳои маҳсусотро ба қӯти мтхлиаҳ аз ҳиўлиҳои он броҳнҷндаҳасту андари қӯти ҳофизаи мари онро нигоҳ дорандаасту мари сӯратҳои маълӯмотро андари нафаси хеши ҷой диҳандааст бе онкии сӯрати маълумии андар ӯ бо сӯрати маълумӣ дигар биомезад , падед омад ки нафаси мардуми макони сӯратҳои муҷаррадаст . Ва далел бар дурустии ин қавл ки гуфтем : нафаси макони сӯратҳои муҷаррадаст , онаст ки мардум касеро ки нахуст бинадаш бозншносдш , аз баҳри онкии сӯрати он касро қӯти мтхилаҳ ӯ аз ҳиўлӣ ӯ ба муҷаррад берун накардаасту андари қӯти ҳофизаи хеш нигоҳ надоштааст ,у мар касеро ки дида бошад , чу дигар бор бинад бшносдш , аз баҳри онкии мари сӯрат ӯро ба муҷаррад нигоҳ дошта буд андари нафаси хеш ва чу дигар бора бинадашу мари ин сӯрати бозпасинро бо он сӯрати пешин баробар ёбад , гуяд : ин ҳамонаст ,у мари онро ( шинохтан ) гуяд . Ва чу дуруст кардем ки зиндагии ҷасад ба нафасаст ( ва ) зиндагии нафас зотӣасту ончии зиндагӣ ӯ зотӣ бошад намирад ва ончӣ намирад фано напазирад , дуруст шуд ки нафаси пас аз фанои ҷасади боқӣ ва зиндааст . Ва чу нафаси мардум оростааст мар пазируфтани сӯратҳои маълӯмотро ба миёнҷии ҳавос ки ёфтааст , падед омад ки нафас ҳиўлӣаст мари сӯратҳои ҳар илмиро , чунонкии ҷисм ҳиўлӣаст мари сӯратҳои сноъиро . Ва чу андари ин олами аҷсоми мари сӯратҳои мухталифро пазируфтааст - чунонкӣ бар баъзе аз ҷисми сӯрат оташаст ва бар баъзе сӯрат ҳавост ва бар баъзе сӯрат обаст ва бар баъзе сӯрат хокаст ва бар баъзе сӯрат афлокаст - ва ин ҳама ба ҷумлагӣ ҷисмаст вази ин аҷсоми пас аз ин сӯратҳо сӯратҳои маволедаст ( ки ҳаме падед оянд аз наботу ҳайвон )у маодин ,у сӯрати андари ҷисми ҷуз ба ҳаракат падед наёяд ва мо дуруст кардем пеш аз ин ( ки мари ҷисмро ба зоти хеш ) ҳаракат нест , падед омад ки сӯраткунанда ин ҷисми худованд ҳаракатаст . Ва чу дуруст кардем ( ки ҳаракати зотӣ ) мари нафаси росту ?ит ародӣаст , падед омад ки сӯраткунанда ҷисм нафасаст . Пас зоҳир шуд ( ки нафаси худованд ) санъатаст . Ва чу мари ҷисмро ҳаракат несту нафаси маъдан ҳаракатаст , дуруст шуд низ ки ( нафас ҷисм нест . Пас ) зоҳир кардем ки андари мо гавҳарӣаст ки ба зоти хеш зиндааст ва миранда несту мар ӯро ҳаракат зотӣаст ва ( макон ) сӯратҳои муҷаррадасту худованд санъатасту дониш пазираст ва пас аз фанои ҷасад боқӣасту ҷисм ( нест , )у номи ин ҷавҳар ба наздики мо нафасаст . Ва шарти мо ба аввали ин қавли он буд ки мари ин ҷавҳарро бад-ӣни сифоти исбот ( кунем , ) ва ба ҷои хеш аз ин китоби андари чигунагӣ ва чарое омадан ӯ андари ин оламу пайвастан ӯ ба ҷавҳари ҷисм , сухан ( машрӯҳ ) бигӯему баёни қӯтҳои ӯ букунем . БтўФиқи аллоҳи таъолӣ .