Чунин ки чеҳраи хуби ту дилбарӣ донад

На ҳасани ҳур ва на рухсора парӣ донад

Ба хоки пои ту коби ҳаёт мумкин нест

Ки ҳамчуи лаъли лабат рўҳпрўрӣ донад

Ситамгарӣ на причҳраҳ маро кораст

Ки ҳарки ҳаст прирў ситамгарӣ донад

Нишони оинаи ҷами зи ҷом лаълаш пресс

Ки ҷам , ҳақиқати ҷом Сикандарӣ донад

Чигуна саркашад аз ишқу тарк ҷон накунад

Муҷаррадӣ ки чу исо қаландарӣ донад

Сиррӣ ки ҳаст зи давлат бар остонаи дӯст

Гар илтифоти намоянд сарварӣ донад

Маро ба нури таҷаллии рух ту шуд ҳодӣ

Чу муршидӣ ки ба таҳқиқ раҳбарӣ донад

Дилӣ ки чеҳра ба эксири меҳр чун зар кард

Аҷаб набошад агар кимиёгарӣ донад

Шароби лаъли турои ҷони ман шиносади қадар

Чунонкии қимати ёқӯт ҷавҳарӣ донад

Ба саҳару арбадаи Њорут агарчӣ машҳур аст

Куҷо чу мардуми чашми ту соҳирӣ донад

Муқассираст насимии зи шарҳи ғамзаи дӯст

Агарчӣ дар сифаташи саҳар сомрӣ донад