Орифон аз ду ҷаҳони суҳбат ҷонон талабанд
Танги чашмони гадои малик сулаймон талабанд
Эътиборӣ накунанд аҳли дили он тайифа ро
Ки на аз баҳри лақои равза ризвон талабанд
Белабу чашму руху зулфи ту завқии надиҳад
Ки шаробу шукру шамъ шабистон талабанд
Орзӯманди ту аз ҷон ва диланд аҳли назар
Лоҷарами васли даҳонат ба дил ва ҷон талабанд
Ман гадоӣ дар эшон ки салотини ҷаҳон
Ҳимматӣ гар талабанд аз дар эшон талабанд
Гарчи дар суфраи шоҳон буд анвоъи нъм
Луқмаи офият аз хон гадоён талабанд
Сабр бар сарзаниши хори ҷафо чун накунанд
Булбулоне ки висоли гул хандон талабанд
Хабар аз лиззати ишқ ту надоранд онон
Ки насозанд ба дарди ту ва дармон талабанд
Ҳоҷат аз чашм ту мехоҳам ва бошад мақбул
Ҳоҷатии кони зи чунин гӯша нишинон талабанд
Шудаам бар сари кӯии адами ободи муқӣм
Гар нишонеи зи ман бесар ва сомон талабанд
Чун насимии з дар ёри талаб , ҳоҷати хеш
Коҳили дили ҳоҷати хеш аз дар яздон талабанд