Ушшоқ , ҳавои рухи зебоӣ ту доранд

Зонрўӣ чу Мансури ҳама бар сар доранд

Раҳми ор ба ҷону дили ин қавм ки дар ишқ

Маҷрӯҳу дили озурдау бемору нзорнд

Ҳеҷаст ҷаҳон дар назари ҳиммати эшон

Ғайр аз ту касе дар ду ҷаҳон ҳеҷ надоранд

Бо ёди ту шаб то ба саҳар бо дили пурсӯз

Фарёди зи ҷон ҳар нафас аз ишқ бароранд

Карданд шумори ҳамаи кас дар раҳи ишқат

Аз ҳеҷ касон низ маро ҳам нишморанд

Гуфтӣ ба насимӣ ки ба ҷони толиби мое

эй давлати Андам ки маро бо ту гузоранд