Дили фиғон аз ҷаврат эй ҷони ҳоши ллаҳ чун кунад ?
Банда дод аз дасти султони ҳоши ллаҳ чун кунад ?
Ҷони мо бо меҳри рӯяти басти паймон дар азал
Нақзи он пайванду паймони ҳоши ллаҳ чун кунад ?
Ончӣ бо ман мекунад чашми сиёҳат бо асир
Кофари андари коФрстони ҳоши ллаҳ чун кунад ?
Дарди ишқат дар дили ман чун зи дармон хуштар аст
Дили ҳавои васлу дармони ҳоши ллаҳ чун кунад ?
Ҳар киро шуд дидаи мأўои хаёли оризат
Орзӯии хулду ризвони ҳоши ллаҳ чун кунад ?
Гарчи ҳаст ошуфтатар ҳрдми зи зулфати ҳоли дил
Тарки он зулфи парешони ҳоши ллаҳ чун кунад ?
Орзӯманди гул рӯй ту эй гулзори ҳасан
Ёди насрину гулистони ҳоши ллаҳ чун кунад ?
Ошиқ рӯй ту ғайр аз хоки пояти ҷавҳарӣ
Тўтёии чашми гирёни ҳоши ллаҳ чун кунад ?
Муддаӣ гуяд насимӣ рӯй хубон қибла кард
Қиблае ҷуз рӯй хубони ҳоши ллаҳ чун кунад ?