Онҷо ки васфи сарви гули андом мо кунанд
Ҷонҳо ба ҷои ҷома ба бӯяш қабо кунанд
Онон ки ёфтанд асари кимиёӣ « фазл »
Мисро ба илтифоти назар кимиё кунанд
эй хастае ки бехабар аз дарди дӯстӣ
Бедард , фикр кун ки туро чун даво кунанд
Бигузар зи кибру рӯ ба дараш кун ки бе риё
Мардони роҳ , рӯ ба дар кибриё кунанд
эй дар ҳавои меҳри ту ҳар зарраи ҷавҳарӣ
Каз ҷисми покаши оинаи ҷам намо кунанд
Арзон буд ба ҷони азизи ту як нафас
Васли туро ба ҳар ду ҷаҳонгар баҳо кунанд
Рӯй туро ба чашми ҳақиқат надида анд
Онон ки нафй дидани ҳасан худо кунанд
Чашмӣ ки лавҳ чеҳра нашавед зи нақши ғайр
Кӣ бо хаёл рӯй тўош ошно кунанд
Хок дар ту гавҳари кӯҳл басират аст
Рӯҳонӣон аз ин шарафаш тўтё кунанд
Хӯн дар миёни чашму дили мо фитода аст
Кӯи маҷмаъӣ ки пурсиши ин моҷаро кунанд ?
Ҷон парваранд ҳар нафас аз буии рӯҳи бахш
Дар маҷлисӣ ки шеъри насимӣ адо кунанд