Сар чаҳ бошад ки нисори қадам ёр кунанд

ё дилу дайн ба чаҳ арзад ки дар ин кор кунанд

Қибла ҷон набӯд ҷузи рухи ҷонон зон рӯ

Ошиқони қиблаи худ абрӯӣ дилдор кунанд

Кӣ тавонад шудан аз сари ано алҳақ воқиф

Ҳар ки ӯро ғам онаст ки бурдор кунанд

Шарташ онаст ки бар дор бибинад худ ро

Ҳар ки аз фазли тўоши воқиф асрор кунанд

Он гуруҳе ки дар инкор мананд аз ишқат ,

Гар бибинанди рахтро ҳама иқрор кунанд

Аҳл таҳсил надоранд зи маънии хабарӣ

Сабақи ишқи ту дар мадриса такрор кунанд

Дардмандони ту ҳар лаҳза дилӣ ме талабанд

То ба дарду ғами ишқи ту гирифтор кунанд

Хабар аз ҷинат рӯй ту надоранд онон

Корзўии чаману рағбат гулзор кунанд

Пеш рӯй ту буд саҷдаи арбоби яқин

Гарчи кӯтаҳи назарон рӯй ба девор кунанд

Гар шаванд аз май асрори ту воқифи зӯҳҳод

Солҳо ходимии хона хумор кунанд

Сокинони сари Кувайт чу насимии шабу рӯз

Ба тавофи ҳарами каъба шудан ор кунанд