Дардмандони ту андеша дармон накунанд

Мустамандони ғамати фикри сар ва ҷон накунанд

Зумраеро ки буд хок дарат оби ҳаёт

Чун Сикандари талаби чашма ҳайвон накунанд

Пеши чашми ту бимирам ки ғаромат бошад

Ҷон агар сарфи чунин гӯша нишинон накунанд

Сафари каъбаи Кувайт чу кунанд аҳли сафо

Ҳазар аз бодияу хор муғелон накунанд

Буии ҷамъият аз он ҳалқа наёяд ки дар ӯ

Зикри он силсилаи зулф парешон накунанд

Пеш рӯй ту кунам саҷда ки арбоби яқин

Қиблаи ҷуз рӯй ту , эй қибла имон накунанд

Муфлисони ҳарами кӯии ту аз ҳишмату ҷоҳ

Чун насимии ҳаваси малик сулаймон накунанд