Офтоб рӯй ёр аз матлаъи ҷон рух намӯд

ё маи ман аз шаби зулфи парешон рух намӯд

Дар шаби зулфати зи роҳ афтода будам ногаҳон

Шамъ рӯй шоҳиди ғайб аз шабистон рух намӯд

Зарра вор омад ба чархи аҷзои олами сар ба сар

Кони парии рухсора чун хуршеди тобон рух намӯд

эй фақиҳ бе таҳорати дафтар дониш бишӯй

Каз руху зулфнигорам сари қуръон рух намӯд

Гӯи биё хилват нишин ва арза кун ислом ро

Каз саводи куфри зулфаши нури имон рух намӯд

Рози ҷони ошиқон аз пардаи беруни аўФтод

Каз ниқоб « канти кнзо » ҳасани ҷонон рух намӯд

Соқио чун чашми масташи ҷом май дар гардиши ор

Кони гули хуши манзар аз тарафи гулистон рух намӯд

эй кулем ишқ агар муштоқи дидории биё

Котши ҳақ зон ду зулфи ънброФшон рух намӯд

Бишинав эй ошиқ ба гӯши ҷон ки мегуяд лабаш

Ташнагонро муждаи бодои коби ҳайвон рух намӯд

эй ки май гӯйии даво даврасту дард аз ҳади гузашт

Доруӣ дилҳо расед аз ғайбу дармон рух намӯд

Ҳасани ҳақ дар сӯрати хубон ба чашм сар бидид

Чун насимӣ ҳар ки ӯро фазли яздон рух намӯд