Гар моҳи ман шабӣ чун тобон қамар барояд

Бошад сари заволаши хуршед агар барояд

Боди сабо чу зулфаш барҳам занад зи савдо

Давр аз рух чу моҳаши дӯдами з сар барояд

Ҷони бурдан аз фироқаш натавон ба ҳеҷ рӯе

Зини шоми тираи як шаби субҳам агар барояд

Коми дил аз ту мушкил гуфтам барояд аммо

Гар бошиддат ба раҳмат бо мо назар барояд

Ҳрдми хаёли ёрам чун бугзарад ба хотир

Фарёд дар дил уфтад оҳ аз ҷигар барояд

Дар ишқи моҳрӯён , ошиқ аҷаб набошад

Аз ному нангу тақвои вази хоб ва хур барояд

Ҳаркас ба ҷусту ҷӯӣ дар баҳри орзӯят

То худ киро ба толеъи рӯзӣ гуҳар барояд

Ҳайҳот агар чу рӯят то инқирози олам

Бар чархи офариниши моҳ дигар барояд

Носеҳ чаро зи ишқаш , гуяд , ҳазар накардӣ

Кас бо қазо , бигӯ , чун эй бебасар ! барояд

Рӯзӣ ки қоматашро гирам ба бар валикин

Бошад хилофи одатгар сарв дар барояд

Бар дори ишқи ҷонон чун бррўди насимӣ

Овозаи аноолҳқ аз хушк ва тар барояд