Биё ки бе ту марои ин ҷаҳон наме бояд
Ба ҷузи висоли ту моро ҷинон наме бояд
Замонаи малики сулаймонам ар диҳад бе ту
Нахоҳам он ки маро бе ту он наме бояд
Биё ки бе ту гадоёни кӯии ишқат ро
Сарири салтанати ҷовдон наме бояд
Ба ҷузи ҳавои сари Кувайт эй шаҳи хубон !
Канори сабзау оби равон наме бояд
Ба теғ ҳиҷр бикуштӣ мароу баргаштӣ
Турост ҳукм вале ончунон наме бояд
( ба пурсиши ман беморат илтифотӣ нест
Магари туро дили ин нотавон наме бояд )
Ба қавл муддаӣон мекунӣ канор аз ман
Миёни мо ва ту ин дар миён наме бояд
Биё ки бе сари зулфати ман парешон ро
Насими ғолияи машки сон наме бояд
Шакарлабони биҳиштӣ агарчӣ бисёранд
Марои ҷузи он бути ширини даҳон наме бояд
Гумон мабар ки насимӣ ба ҷуз ту дорад дӯст
Ки дар яқини муҳаббати гумон наме бояд