Соқии симини баромади бода мебояд кашид

Ҳарфи риндӣ бар сари саҷҷода мебояд кашид

Рӯй нанамояд , чу бар ойӣна бошад нақши занг

Сӯрати ойӣнаи дил , сода мебояд кашид

Нози абрӯии камондораш ба ҷон ва дил бикаш

Кин камонро ошиқи афтода мебояд кашид

Бар серуми рӯзӣ висолаш гуфт хоҳам пои ниҳод

Миннати поиш ба ҷон наниҳода мебояд кашид

Ҳарчӣ аз ёр ояд эй дил то ки ҷони дорӣ чу шамъ

Бар сари аҳдаш ба ҷони устода мебояд кашид

Дар ғами рӯйиши зи чашми дирафшони ҳрдми маро

Моҷарои ашки мардуми зода мебояд кашид

намекашидам дил ба зулфаши сари зи ман печид ва гуфт

Ҳардуи олам дар баҳояш дода мебояд кашид

То хиҷолат ҳо кашад сарв аз қади худ дар чаман

Сӯрати он қомати озода мебояд кашид

Даври қлошӣ ва риндӣ омад эй дили ҷом май

Аз лаби соқии чунин омода мебояд кашид

Ҳомили саҷҷодаро эй ринд соҳибдил бигӯ

Кон лаъл омад чаро саҷҷода мебояд кашид

эй насимӣ чун замони мастӣу ҷом май аст

Бо ҳарифони муваҳҳиди бода мебояд кашид