Шарҳи ғами дили мо бо ёри мо ки гуяд ?

Гар муҳаррамӣ набошад ҷони ғусса бо ки гуяд ?

Ҷон бо хаёл лаълаш гуяд ғами дил , оре

Бо ғунчаи ҳоли булбули ғайр аз сабо ки гуяд ?

Ғалтон агар на ҳрдм ашкам равад ба кӯяш

Сарви равони моро аз мо дуо ки гуяд ?

Зоҳиди з рӯй некӯ гуяд назар бпушон

Дар дайн ҳақ прессатон инро раво ки гуяд ?

Гар мункирии з хомӣ гуяд мабош ошиқ

Машну ҳадис ӯро бигзор то ки гуяд

Ҷон бо ҳавоӣ меҳраш омад ба лаб надонам

Бо офтоби ҳблӣ ( ? ) ҳоли ҳбо ки гуяд ?

Онро ки нест эй ҷон , рӯй ту қиблаи дил

Чун аҳли ваҳдат ӯро рӯ бо худо ки гуяд ?

Васли ту гарчи бешаст аз ҳади мо валикин

Дар олами ҳувияти шоҳу гадо ки гуяд ?

Зулфу рахти нигоро , сад шарҳ дод аммо

Тафсири ин , кмоҳӣ , эй дилрабо ки гуяд ?

Он кӯ ба нури меҳраш равшан накард дида

ӯро чу субҳи содиқи соҳиби сафо ки гуяд ?

Чун дидаи насимӣ рӯй ту дида бошад

Бо соликони ишқати шарҳи қафо ки гуяд ?