эй аз лаби ту танги шукри омада ба танг
Рӯй ту карда лолау гулро хаҷал ба ранг
зи абрӯии гӯшаи гир ба зиҳ кардае камон
Бар ҷони ошиқ аз мижа каҷ кардае хаданг
Бахти манӣу толеъи ман , чун кунӣ фирор
Умри манӣу давлати ман , кӣ кунӣ диранг
Бо сарв гуфта буд сабои зикри қоматат
Зон бар канори ҷӯй ба як по бимонад ланг
Султони ҳасан рӯй ту аз зулфу хату хол
Лашкар кашидааст куҷо меравад ба ҷанг ?
Хуршед агар чаҳ бо ту кунад даъвии ҷамол
Давр аз руху ҷамоли ту сар мезанад ба санг
То бастаанд сӯрати рӯят , набаст нақш
Наққоши чарх чун ту нигории латифу шнг
Ёрб чаҳ сӯратӣ ки з рӯй камол ҳаст
Андеша дар ҷамоли ту ҳайрону ақли днг
Хатати ниҳоди силсила бар пои офтоб
Зулфи ту бар миёни қамари бастаи полҳнг
Ном аз куҷоу нанги ман ошиқ аз куҷо ?
Ошиқ кӣ илтифоти намояд ба ному нанг ?
Ҳар шаби насимӣ аз тараби ишқи мҳрхӣ
То вақт субҳдам зада бар фарқи Зуҳраи чанг