Сӯрати раҳмони ман он рӯй накӯ дониста ам

Чашмаи ҳайвони зи об рӯй ӯ дониста ам

Гарчи бо ман боди субҳи он буии ҷон парвар нагуфт

Аз куҷо ё аз ки дорад ман ба бӯ дониста ам

Хокрўби кӯии ишқам дар ҳақиқат чун сабо

То зи фаррош тариқат рафту рӯ дониста ам

Дафтари томоти гӯ бар ман махон зоҳид ки ман

Гарчи риндами ҳосил ин гуфту гӯ дониста ам

Шастам аз ҷони дасту гаштами толиби васлат ба дил

Солики ишқами тариқи ҷусту ҷӯ дониста ам

Қисса воъиз магӯӣед эй азизони пеши ман

Зон ки ман афсуни он афсонаи гӯ дониста ам

Гар надонам зарқу солусӣ , макун айбам ки ман

Расми шоҳдбозӣу ҷому сабу дониста ам

Ҷони з гуфторам биёбӣ гар бигӯям шама Эй

Ончӣ аз ахлоқи он покизаи ху дониста ам

Дил ба зулф ва ғабғабаш додам ки Тифли ишқ ро

Ногузираст аз чунин чавгону гӯ , дониста ам

эй ки май гӯйӣ ки хоҳӣ шуд зи ишқ ӯ ҳалок

Нестам нодон , ман ин маънии накӯ дониста ам

Чун насимӣ шастаам аз хирқау саҷҷодаи даст

Аллоҳи аллоҳи байн чаҳ некӯи шасту шӯ дониста ам