Ман ба тавфиқи худо , раҳ ба худо ёфта ам

Орифи ҳақ шудау малик бақо ёфта ам

Дар шифохонаи рӯҳи алқудс аз дасти Масеҳ

Хӯрдаам шарбати шоФӣ ва шифо ёфта ам

Агар аз каъба ба бтхонаҳи рӯм айб макун

Ки худоро ба ҳақиқати ҳама ҷо ёфта ам

Хотир аз меҳнати ағёру дил аз ранҷи халос

Растгори омада аз дард ва , даво ёфта ам

Завқи айшӣ ки бидон даст салотин нарасад

Аз висолати ман дарвеш гадо ёфта ам

Ҷузи ту ком дигар аз ҳар ду ҷаҳонам чун нест

Чаҳ кунам ҳардуи ҷаҳонро чу туро ёфтаам ?

Шарҳи авроқи ктбхонаҳи асрори азал

Аз хату зулфу руху холи ту во ёфта ам

Нолау сӯзи дил аз оташ ишқаст маро

Макун андеша ки аз бод ҳаво ёфта ам

Нестам мунтазири ҷинату фирдавсу лақо

Аз рахти ҷинату фирдавс ва лақо ёфта ам

Дар тавофи ҳарами кӯии ту эй каъбаи ҳасан

Ҳрдм аз машъари мӯии ту сафо ёфта ам

эй насимии зи хаёли рухи он моҳ бипурс

Каз хаёли рухи он моҳ чаҳ ҳо ёфта ам