Ман ганҷи ломаконами андар макон нагунҷам
Бартари зи ҷисму ҷонам дар ҷисм ва ҷон нагунҷам
Ақлу хаёли инсони раҳи сӯй ман наёрад
Дар ваҳм аз он ниёем дар фаҳм аз он нагунҷам
Ман баҳр бе кронми ҳад ва ҷиҳат надорам
Ман сайли баси шигарфам дар новдон нагунҷам
Ман нақши коинотами ман олами сифотам
Ман офтоби зотам дар осмон нагунҷам
Ман субҳи рӯзи дайнами ман машриқи яқинам
Дар ман гумон набошад ман дар гумон нагунҷам
Ман ҷинату Наимам , ман раҳмату раҳимам
Ман гавҳари қадимам дар баҳр ва кон нагунҷам
Ман ҷони ҷони ҷонами бартари зи инсу ҷонам
Ман шоҳ бе нишонами ман дар нишон нагунҷам
Ман рукни зоди фазлами ман дасти зоди фазлам
Ман рӯз дод фазлами ман дар замон нагунҷам
Ман мусҳафи Каримам , дар лоами фазли мимм
Ман ояти азимам дар ҳеҷ шан нагунҷам
Ман сари кофу нўнм , ман бе чаро ва чунам
Хомӯшу лотҳрки ман дар баён нагунҷам
Ман суфраи халилами ман неъмати ҷалилам
Ман косаи сипеҳрам дар ҳафт хон нагунҷам
Ман мантиқи фасеҳами ман ҳамдами Масеҳам
Ман тарҷумони ҷимам дар тарҷумон нагунҷам
Ман қурси офтобам ҳарфаст осиёбам
Ман луқмаи бузургами ман дар даҳон нагунҷам
Ман ҷонам эй насимӣ яъне дами Наимӣ
Даракаши забони зи васфами ман дар лисон нагунҷам