Манам он ду ҳафтаи моҳӣ ки бар осмони ҷонам

Манам он хуҷастаи Меҳрӣ ки бар авҷи ломаконам

Манам он сипеҳри ҳишмат ки барои касби давлат

Наад офтоби гардуни руху сар бар остонам

Манам он амири кишвар ки ҳамеша дар диёрам

Қамараст шаҳнаи шаб Зуҳаласт сояи бонам

Манам он каломи содиқ ки буд зи риби холӣ

Манам он китоби нотиқ ки сифот хеш хонам

Манам он эй рифъат ки фарози арши пурм

Манам он ҷаҳони маънӣ ки бурун аз ин ҷаҳонам

Манам он ки шоҳ ва султон кунад аз дирами гадоӣ

Манам он ки меҳри гардун каллаасту сояи бонам

Манам он ки фарқи фарқад ба қадам ҳаме сипорам

Манам он ки бар ду олами сару дасти брФшонм

Манам он латифи соқӣ ки ба ошиқони сархуш

Рухи ҳур май намоям мерӯҳ ме чашонам

( манам он шукри ҳадисӣ ки ба нутқ чун даройам

Руху зулфи моҳрӯён суханасту тарҷумонам )

Манам он шарифи гавҳар ки зи маъдани ҳаётам

Манам он шароби кавсар ки ба ҷӯии ҷони равонам

Манам он зи дидаи ғоиб ки ҳамеша дар ҳузурам

Манам он вуҷӯди зоҳир ки зи дидаҳо ниҳонам

Манам он раҳи саломат ки сирот ном дорам

Манам он биҳишти боқӣ ки Наими ҷовдонам

Манам он ки андари ашё шудаам ба ҳарфи пайдо

зи румуз ваҳй бигузар ки ман ин замони аёнам

Сухан аз қадим ва ҳодис макун эй ҳакими расмӣ

Ки ман он вуҷӯди фардам ки ҳам инам ва ҳам онам

Ту чу исо эй насимии ҳама гарчи рӯҳу ҷонӣ

Манам он ки рӯҳи рӯҳам , манам он ки ҷони ҷонам