Пеш рӯй фазли ҳақи ҷонро яқин қурбон кунам

Сӣ ва ду нури худоро сар ба сар аъён кунам

Ҳар ки ӯ хоҳад ки гардад воқифи сари азал

Пеш мо ояд ки ӯро дам ба дам осон кунам

Сари аҳди лам изл шуд зоҳир аз фазли илоҳ

Аз дами фазли илоҳӣ бар ҳама эҳсон кунам

Илми алосмои з одам шуд аёни сӣ ва ду буд

Шуд аён аз ваҷҳ то хондем кӣ пинҳон кунам

Ҳам намозу рӯзау ҳаҷу тавофи каъба ро

Дидаам аз рӯй ҷонон то абад даврон кунам

Ҳафт кавкаб на фалаки андари ямини фазли ҳақ

Буд ва ин ҳаркас надонад ном ӯ шайтон кунам

То насимӣ рӯй ҷонон дид аз фазли илоҳ

Умри худро ҷовдон дар хондан қуръон кунам