Шуд малул аз хирқаи азрақи дили ман , чун кунам ?

Соқио ҷомӣ бидиҳ то хирқаро гулгун кунам

Кӯи лаболаби соғарӣ бар ёди чашми масти дӯст

То хумори худпарастиро зи сар берун кунам

эй сабои занҷири ҷаъди турра Лайлӣ куҷост ?

То алоҷи ин дили бечора маҷнӯн кунам

Дӯши чашмам бо хаёлаш гуфт бигузар бар серум

Гуфт бе киштии гузар чун бар сар Ҷайҳун кунам

Гар барорам дӯди оҳ аз синаи пурдарди хеш

Кӯҳро аз нолаи дилсӯз чун ҳомӯн кунам

Шуд ба хӯнами ташнаи лаълаш , соқио ҷомӣ биор

То раги ҷон аз шароби оташӣ пурхӯн кунам

Соқем гуяд ки май хур , носеҳам гуяд махӯр

Қавл соқӣ бишинавам ё панди носеҳ ? чун кунам ?

Бо ман шайдо чу ваҳш улфат намегирад дилаш

Он паривашро намедонам ки чун афсун кунам

эй ки мегӯйӣ бпушон аз рухи хубони назар

Гар гуноҳаст ин , баронам кин гуноҳ афзӯн кунам

Даври чархам давр кард аз ёру бахтам ёр нест

Алғёс аз бахти бад , ё нола аз гардун кунам ?

Хам гирифт аз бори ғами пушти насимӣ чун ҳилол

Дол хонам ё чу абрӯии ту номаш навен кунам ?