Шабӣ чун шамъ мехоҳам ки пеш ёр биншинам
Вале он рӯзи давлати кӯ ки бо дилдор биншинам
Нишастан бо майу соқӣ чу дар боғам муяссар шуд
Чаро дар хилват эй зоҳид ! чу бутемор биншинам
Нишастан бо рақибонаши шабу рӯз аз ғамаши мо ро
Ба буии васли гул то кӣ чунин бо хор биншинам
Лаби ҷонпарвар ёрами дами рӯҳ алқудс дорад
Куҷои бигузоради анфосаш ки ман бемор биншинам
Чу зулфаш нотавонам кард дар поиши срондозм
Чаро кор дигар ҷӯям чаро бекор биншинам
Хаёли ёр то бошад анис ва ҳамнишин ман
Шавад бар ман гулу райҳон агар дар нор биншинам
Лаб мегавану чашм ӯ маро то дар хаёл омад
Шабу рӯзи орзӯмандам ки бо хумор биншинам
Маро чун домани васлаш ба даст афтод натавонам
Ки икдм бе майу соқӣ ва бегулзор биншинам
Ман он хуршеди файёзам ки дорам хонаҳо пари зар
На саррофи тсўи дуздам ки дар бозор биншинам
Манам сайёраи гардуни манам шаш ҳарфи коф ва навен
Чаро аз сайри худ икдми ман сайёр биншинам
зи ришу сблти олам чу фориғ ме тавон бӯдан
Рӯм бериш ва бесблт , қлндрўор биншинам
Ғами дастору фикри сари маро чун нест андари дил
Чаро дар фикри сар ё дар ғам дастор биншинам
Манам симурғи он олам ки бар арш ошён дорам
На зоғу каркаси дунё ки бар мурдор биншинам
Манам сӣ ва ду нутқи ҳақ ки дар ашё шудам нотиқ
Маҳоласт ину номумкин ки бегуфтор биншинам
Чу раст аз зулмат ҳастӣ дил чун офтоби ман
Насимӣ вор мехоҳам ки бо анвор биншинам