Мо ҳосил аз ҳаёти рух ёр карда ем

Аҳдӣ ба ёри баста ва иқрор карда ем

Мансур шуд зи давлати ишқи ту кори мо

Бурдор сар ки азми сар дор карда ем

Мо мултафит ба зуҳд риёе наме шавем

Зон , рӯ ба кунҷи хона хумор карда ем

Сӯфӣ ба зуҳди зоҳир агар фахр ме кунад

Он фахри нанги мост каз ӯ ор карда ем

Моро Асоу хирқау саҷҷода гӯ мабош

Мо тарки бути парастӣ ва зуннор карда ем

Чун ҳасани ёр то абадаст аз халали барӣ

Аҳдӣ ки бо муҳаббат дилдор карда ем

Ҳрдм ба буии васли ҷамолаши ҳазор айш

Бо муҳаррамони соҳиб асрор карда ем

Бигузар зи зуҳду зарқ ки мо ин муомилот

Дар хонақоҳу мадриса бисёр карда ем

Ҳаркас талаб кунанд Муродии нсимё

Мо ихтиёр аз ҳама , дидор карда ем