Бо рӯй ӯ магӯ ки з гулзор фориғем

Каз ҳастӣ ду кун ба якбор фориғем

эй шайхи шаҳр ! даври зи инкор мо бирав

Иқрор кун ба мо ки з инкор фориғем

Бо нуру зулмати руху зулфаши илои алобд

Аз шамъи офтобу шаб тор фориғем

Ағёр нест дар раҳи ваҳдат агар буд

Биллоҳ ба ҷони ёри з ағёр фориғем

Моро зи моҳ рӯй ту ҳар моҳ ҳосил аст

Аз ҳафтаҳои ҳафт ва шаш ва чор фориғем

Шамъи рахт ки матлаъ анвор кибриёст

То дида шуд зи матлаъ анвор фориғем

Маст аз шароби софии майхонаи Масеҳ

То гаштаем аз мехумор фориғем

Сари ду кун чун зи рахт ошкор шуд

Аз нуктаҳои махфӣ асрор фориғем

Мансури гашти коми насимӣ ба фазли ҳақ

Аз мо бидор даст ки аз дор фориғем