Ту расми дилбарии дорӣу донеи дилбарӣ кардан
Валикини ман зи ту мушкили тавонам дили барӣ кардан
Макун ташбеҳи рӯйишро ба гулбарги трии зонрў
Ки натавон нисбати он гулро ба гулбарги трӣ кардан
Агар дории сари ишқаши зи фикри ҷон ва тан бигузар
Ки кори табъ хомонаст фикри срсрӣ кардан
зи Њорут ар чаҳ омӯзанд мардуми соҳирии лекин
Куҷо чун мардум чашмат тавонад соҳирӣ кардан
Дилӣ кӯ шуд ҳаводорат тавонад дам зад аз ҷое
Сиррии коФтод дар поят тавонад сарварӣ кардан
Бигӯ суратгари чинро макун андешаи рӯйиш
Ки наққош азал донад чунин сӯратгарӣ кардан
Хаёли шамъи рухсораш касе кӯ дар назар дорад
Назар бошад ҳаром ӯро ба моҳу муштарӣ кардан
Сиррӣ каз хоки даргоҳат чу гардун сарбаланд омад
Нахоҳад гардани афрозӣ ба тоҷи санҷарӣ кардан
Ба васфи чашми ҷодӯии ту ашъори насимӣ ро
Саросар ме тавон нисбат ба саҳари сомрӣ кардан