Толиби тавҳидро бояд қадам бар « ло » задан

Баъд аз он дар олами ваҳдати дам аз ало задан

Шарти аввал дар тариқи маърифати доне ки чист ?

Тарҳ кардан ҳар ду оламроу пушти по задан

Гар шӯй чун аҳли ваҳдати молики малики вуҷӯд

Навбати шоҳии туоне бар фалак чун мо задан

Домани гавҳари бадасти ор аз камоли маърифат

То туоне чун садафи лоф аз дили дарё задан

То нагардӣ муҳаррами асрори асмо чун малик

Лофи дониш кӣ туоне ё дам аз асмо задан ?

Кӣ тавонад саркашидан бар фалак чун сунбула

Донае каз хок натавонист сари боло задан

Рангу бӯе дар ҳақиқатгар бадаст оварда Эй

Чун гули Садбарг бояд хайма бар саҳро задан

Чанд бошӣ эй муқаллиди бастаи занну хаёл

Даргузари зинҳо ки натавон такя бар инҳо задан

То нагӯйӣ тарки сари андеша зулфаш макун

Срсрии даст талаб натавон дар ин савдо задан

Бигузар аз ?данеу уқбо то туоне дар яқин

Остин аз бениёзӣ бар сари ашё задан

эй насимӣ бо муқаллиди сари ҳақ зойеъ макун

Аз таҷаллии дам чаҳ ҳосили пеши нобӣно задан