Гуфта будӣ бо ту кори ман ба сар хоҳад шудан

Кори сар саҳласт агар корам ба сар хоҳад шудан

Тарки ҷон мушкил набошад дар раҳи ишқати маро

Коми дили ҳосил ба ҷон , эй ҷон агар хоҳад шудан

Ҳар киро ҷон дар сари зулфи ту кардан кор шуд

Нест имкон каз паии кор дигар хоҳад шудан

Риштаи ҷони марои зулфи ту чандон тоб дод

Каз ғами рӯяти шабӣ чун шамъ бар хоҳад шудан

Хӯни хур эй дил дар талабкорӣ ки ошиқро мурод

Гар шавад ҳосил , ба сад хӯн ҷигар хоҳад шудан

Гар кашад чашмати зи абрӯ бар дилами рӯзии камон

Пеши тири ғамзаҳо ҷонам сипар хоҳад шудан

Ман нахоҳам кард даст аз домани васлати раҳо

Гар замину осмони зер ва зибр хоҳад шудан

эй ки мегӯйӣ бапуш аз рӯй хубони дида ро

Ин сухан дар ҷони ман кӣ коргар хоҳад шудан ?

Ончунон май нолам аз ишқат ки то бошад хабар

Халқи оламро зи дарди ман хабар хоҳад шудан

Дасти давлат бар серум хоҳад ниҳодани тоҷи бахт

Бо миёнатгар шабии даст ва камар хоҳад шудан

Ҷони бемори насимӣ аз тан , эй ороми дил

Беқарор аз фурқати рӯят ба дар хоҳад шудан