Гар шабӣ бозояд аз дар шамъи ҷони афрӯзи ман
Бар чароғи меҳру нур субҳ хандад рӯзи ман
Гар марои рӯзии хаёлаш рӯй бинмоед ба хоб
Матлаъ иқбол гардад толеъи фирӯзи ман
То саҳар ҳар шаб чу шамъ аз оташи ҳиҷрони ёр
Дида гирёнаст ва май сӯзади дили пурсӯзи ман
Пеши абрӯӣ ту мехоҳам ки ҷон қурбон кунам
Парда бурдор аз рух , эй иди ману наврӯзи ман
То ниҳон кардӣ зи ман рух , як нафас ғоиб нашуд
Сӯрат рӯй ту аз чашм хаёл андӯз ман
Кӣ тавонад кард ошиқи гӯш бар панди адиб ?
Заҳмати худ май диҳӣ эй пери пандомӯзи ман
Чун насимӣ ҳар ки ӯ шуд бандаи фазли илоҳ
Кӣ тавонад кӯ бибинад шамъи ҷони афрӯзи ман