эй дар балои фитодаи дили мубталои ман
Касро мабод ҳеҷ бало чун балои ман
Аз дарди ишқи ёри чунон мубтало шудам
Кандар ҷаҳон табиб надонад давои ман
Ишқ аз барои дил буду дил барои ишқ
Ман аз барои дардаму дард аз барои ман
Нақши хаёли ёри з пешам наме равад
Гар сад ҳазор теғ расад дар қафои ман
намехоҳам аз худоӣ , висолаш ба сад дуо
Бошад ки мустаҷоб шавад як дуои ман
Ҷавр ва ҷафоӣ туаст ътиаҳ бар аҳли дил
Ин тӯҳфа буд дар ду ҷаҳони худ атои ман
Аз оҳи оташин насимӣ шавад чу мум
Гар санги хора гӯш кунад нолаҳои ман