Бо чунин ҳасани он санамгар беҳиҷоб ояд бурун

Офтоб аз бурқаъу моҳ аз ниқоб ояд бурун

Гар шабӣ толеъ шавад бар бом чун бдролдҷо

То сабоҳ аз шоми зулфаш офтоб ояд бурун

То буд меҳмони чашми ман хаёли чашм ӯ

Аз сари чашмами куҷои савдоӣ хоб ояд бурун

Гар чу шамъ аз оташи дили чашм тар дорам чаҳ айб

Ҳар киро сӯзади димоғ аз дида об ояд бурун

Гар хаёли чашми масташ зоҳидӣ бинад ба хоб

Аз даруни савмиъаи маст ва хароб ояд бурун

Ҳар нафаси буи гулоб ояд зи рухсораш вале

Нест аз гули давр , агар буи гулоб ояд бурун

Офтоби ҳасани рӯят гар битобад бар фалак

Шамъи хуршед аз тавоноӣ ва тоб ояд бурун

Чун насимии васфи лаъл гўҳроФшонш кунад

Аз даҳонаш чун садаф дар хўшоб ояд бурун