Рӯй худост эй санам рӯй ту , рой ман бибин

Вази рухи ҳамчуи мусҳафати фол барои ман бибин

Ёр ба ишваи хӯн ман хӯрд ва ҳалол кардамаш

Ҷавру ҷафоӣ ӯ нигар , меҳру вафоӣ ман бибин

Нофаи машки чин агар бо ту дам аз хато занад

Рӯй сиёҳро бигӯ зулфи ду тоӣ ман бибин

( пеши ту бар замин чу зад мардуми дидаи ашк ро

Гуфт ба ашки паҳлавон , машки саққоӣ ман бибин )

( кишти маро ва зинда кард аз лаби ҷонФзои худ

Лутфнигор ман чҳо кард барои ман бибин )

Лаъли лаби ту бӯса Эй дод ба хунбҳоии ман

Толеъу бахти ман нигар , қадару баҳои ман бибин

Сунбули зулфат орзӯ кардаам эй хуҷастаи фол !

Нақшу хаёли мухталиф , фикри ?хитой ман бибин

( домани васли ту ба кафи бахти надод ва умр шуд

Оташи ҷони гудози ман боду ҳавоӣ ман бибин )

Ваҳми парастро бигӯ , бигузар аз ин хаёлу занн

Дар рухи ёри ман нигар , рӯй худоӣ ман бибин

Бесару пои ишқи шӯи ҳамчуи фалаки нсимё

Сар « аласти рбкм » дар сару пой ман бибин