Ойӣнаи дили поки дор , эй толиби дидор ӯ
Бошад ки андозад назар дар оинаи рухсор ӯ
Аз мусҳаф рӯйиш бихон сӣ ва ду ҳарфи лами изл
То раҳи барӣ бар зоти ҳақ , воқифи шӯии зи асрор ӯ
Зотӣ ки буд аз ҷисму ҷон , дар пардаи иззати ниҳон
Рухсора бинмоед аён , ҳам бишинавӣ гуфтор ӯ
Мизон адл овардааст он ма барои муштарӣ
Қалб ва дағал бигзор агар дории сари бозор ӯ
Сарроф ишқаст он санам , софии шӯ эй дили ҳамчуи зар
Зонрў ки натавон доштани сими дағал дар кор ӯ
Бигузар ба хати устуво то бозёбии толбо
Роҳи сироти алмстқим аз қомату рафтор ӯ
Хоҳӣ ки бошӣ покдин чун таййибин ва тоҳирин
Ҳосил кун имону яқин аз зулф чун зуннор ӯ
Аз лавҳ рӯй дилбарони сӣ ва ду ҳарф ҳақ бихон
Асрор « мо аўҳӣ » бибин аз чори ҳафту чор ӯ
Гар май туоне чун халил эй ошиқи ҳақ сӯхтан
Дар оташи намруди шӯ онгаҳ бибин гулзор ӯ
Кишт ӯ насимиро ба ғам , кораш на имрӯзасту бас
Каз лутфи худ бо ошиқон , инаст доими кор ӯ