Бо ғайр магӯ ҳолам , коғёр надонад ба

Парвонаи он шамъам ,гар нор надонад ба

Аз ҷом май боқӣ , яъне лаби он соқӣ

Мастам , агар ин маънӣ ҳушёр надонад ба

Бо ғайр намегӯям сари сухани ишқат

Гар шарҳи румузи ғайб ағёр надонад ба

Саҳласт сари худро бар дор задан , лекин

Асрори сари орифгар дор надонад ба

Ҳаст аз карами ҳасанати маҳрӯми рақиб , оре

Гар лутфи дами исо мурдор надонад ба

Дар савмиъа бо сӯфӣ дар кор даро гӯйӣ

эй зоҳид ! агар ошиқи ин кор надонад ба

Бо рӯй гули хандон , булбул назарӣ дорад

Ин муждаи нозукро ,гар хор надонад ба

Дар мстбаҳи маънӣ бе сӯрати солусӣ

Во ёфтаам ганҷигар мор надонад ба

Ашъори насимиро сад муъҷиза ҳаст , оре

Гар сари яди Байзо сҳор надонад ба