Зулфи ту шаби қадари ман ва рӯй ту ид аст

Вази зулфи ту андешаи идрок баъӣд аст

Абрӯии ту ҳаряки ма идаст аз онру

Дар олам аз абрӯии ту пайвастаи ду ид аст

То рӯй туро дидаам эй моҳи дили афрӯз

Рӯзами ҳама чун толеъу бахти ту Саид аст

Ҳаргизи нафасӣ дар ду ҷаҳони шоди мабодо

Он дил ки зи дарди ту ба дармон нарасида аст

Холӣ набӯд то абад аз нури таҷаллӣ

Онро ки ба рухсори ту бино шуда дида аст

Рухсати надиҳади ақл агар хўонмти инсон

Инсони хдорўӣ , бад-инсон ки шунида аст

Доне ки зи олам ки баради дайн ба саломат

Он дил ки ба куфри сари зулфат гиравида аст

То қиблаи ушшоқи ту аз рӯй ту шуд рост

Чун тоқи ду абрӯии ту миҳроб хамида аст

То васфи рахт дар қалам оварад насимӣ

Хат бар варақи ҳасани рух моҳ кашида аст