Солики ишқи ту ҳар дам ба ҷаҳон дигар аст
Ҳар нафаси толиби васлат ба макон дигар аст
Гарчи васф ту кунанд аҳли тафосиру калом
Мусҳаф рӯй туро шарҳу баён дигар аст
Ҳарфи мо абҷад ишқаст чаҳ донад наҳвӣ
Мантиқи алтири аўлўолФзли забон дигар аст
Ошиқонро рухи зард ар чаҳ далеласт ба ҳақ
Бар рухи аҳли дил аз ишқи нишон дигар аст
Куштаи лаъли лабаш кӣ кунад андешаи марг
Ҳамдами рӯҳи қудси зинда ба ҷон дигар аст
Чанд хонд ба сар хон биҳиштами зоҳид
Даъвати муҳаррами асрор ба хон дигар аст
Гарчи таркони ҳама бо тир ва камонанд вале
Чашму абрӯии туро тиру камон дигар аст
Гарчи хубони ҳамаи шукри лаб ва ширин даҳананд
Дили ман шефтаи танги даҳон дигар аст
Офтоби рухи ту айни вуҷӯд ҳама шуд
Лоҷарам дар рух ҳар зарраи аён дигар аст
Аз паии суду зиён чанд ба бозор рӯй
То бигӯянд ки он хоҷаи фалон дигар аст
Чеҳраи зарди марои саҳли мубин эй зоҳид
Кин зари нодарраи меъёри зи кон дигар аст
Рамзи ориф ба тасаввур натавон донистан
Луғати турфаи ин зумраи лисон дигар аст
Ғарқаи баҳри ғамаши ёди з соҳил накунад
Соҳили ғарқаи ин баҳри карон дигар аст
Чун насимӣ ба яқин аз карам фазл расед
Кӣ хӯрд ғусса ки ҳрдм ба макон дигар аст